Бозгашт ба хадамот

Интерконнекти овозӣ

ҶСК «Тоҷиктелеком» хадамоти пайвастшавӣ ба шабака ва гузаронидани трафики овозиро барои операторони алоқаи маҳаллӣ, минтақавӣ, байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ пешниҳод мекунад.

Хадамоти пайвастшавӣ ба шабака дар бар мегирад: ташкили ҳамкории байни шабакаи ҶСК «Тоҷиктелеком» ва шабакаҳои алоқаи операторон барои таъмини гузаронидани трафики овозӣ; пайваст кардани воситаҳои техникии операторон ба захираҳои ҶСК «Тоҷиктелеком» ҳам тавассути каналҳои ҷудогона ва ҳам мустақиман ба портҳои истгоҳии таҷҳизоти коммутатсионӣ; имконияти ҷойгиркунии таҷҳизоти операторон дар майдончаҳои технологии ҶСК «Тоҷиктелеком»; ташкили пайвастшавӣ ба шабакаи ҶСК «Тоҷиктелеком» тавассути воситаҳои техникии операторони дигар, ки аллакай ба шабакаи мо пайваст шудаанд. Иловагӣ ҶСК «Тоҷиктелеком» хадамоти транзити трафики овозиро тавассути шабакаи худ пешниҳод мекунад ва ҳамкории байни шабакаҳои операторони миллӣ ва хориҷиро таъмин менамояд.

Машварат лозим аст?

Барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи ин хадамот бо мо тамос гиред

ҶСК "Тоҷиктелеком"

Телефон: +992 37 221-01-00

Email: info@telecom.tj