Бозгашт ба хадамот
Иҷораи каналҳои алоқа
ҶСК «Тоҷиктелеком» шабакаи муосир, боэътимод ва рақобатпазири телекоммуникатсионии густурдаро дорад.
Барои таъмини сифати пешниҳоди намудҳои нави хадамот ва васеъ кардани номгӯи онҳо гузариш ба системаҳои интиқоли суръатноки баланд аз навъи STM-¼/16, DWDM ва CWDM тадриҷан амалӣ мегардад. Дарозии каналҳои алоқа, ки аз системаҳои рақамии интиқол ташкил ёфтаанд, 94,47%-и дарозии умумии хатҳои алоқаро ташкил медиҳад.
Мавҷудияти шабакаи қавии интиқолӣ, ки дар хатҳои алоқаи нурӣ-оптикӣ ва радиорелейӣ сохта шудааст, имконият дод, ки хадамоти дастрасӣ ба Интернет қариб ба ҳамаи марказҳои ноҳиявии Ҷумҳурӣ расонида шавад.
Хадамот дар асоси шабакаи интиқолии ҶСК «Тоҷиктелеком» пешниҳод мегардад, ки бо истифода аз технологияҳои муосир — SDH ва DWDM ва таҷҳизоти истеҳсолкунандагони пешқадами ҷаҳонӣ: Siemens, Alcatel, NEC, Huawei сохта шудааст, ки дар маҷмӯъ таъмин мекунад:
боэътимодии баланди хадамот;
доираи васеъи суръатҳои пешниҳодшаванда;
имконияти зуд зиёд кардани қобилияти гузаронидани канал.
Хадамот имконият медиҳад, ки ҳар гуна намуди маълумот бо истифодаи ҳар гуна протокол интиқол дода шавад.
ҶСК «Тоҷиктелеком» каналҳои ҷудогонаро бо қобилияти гузаронидан аз 64 Кбит/с то 100 Мбит/с ва болотар барои истифода пешниҳод мекунад. Барои пайваст кардани таҷҳизоти муштарӣ дар охири канал интерфейсҳо дастгирӣ мешаванд: v. 35, G.703
Бартариятҳои истифода:
каналҳои ҷудогона имконият медиҳанд, ки бе маҳдудият ҳаҷми калони маълумоти ҳар гуна намуд — маълумот, овоз, видео интиқол дода шавад;
имконияти ташкили шабакаҳои корпоративӣ дар асоси канали ҷудогона барои ширкатҳои дорои сохтори ҳудудӣ-тақсимшуда;
усули боэътимоди ҳифзи маълумоти интиқолшаванда барои муштариёне, ки талаботи баланд ба ҳифзи маълумот доранд;
истифодаи шабонарӯзии канали ҷудогона бо қобилияти гузаронидани кафолатнок.
Барои пешниҳоди каналҳои байналмилалӣ самтҳои мустақими байналмилалӣ ба кишварҳо кушода шудаанд: Беларус, Британияи Кабир, Олмон, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, АМА, Чин, Корея, ИМА, Туркия, Украина, Ҷопон.
Машварат лозим аст?
Барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи ин хадамот бо мо тамос гиред
ҶСК "Тоҷиктелеком"
Телефон: +992 37 221-01-00
Email: info@telecom.tj